Сардор Мунир Аҳмадхони Тоҷик, раиси Шӯрои миллии тоҷикону форсизабонони Покистон бо як амали шоиста хонаи шахсии худро дар маркази Ҷумҳурии Покистон, шаҳри Исломобод, ба ихтиёри Шӯрои миллии тоҷикону форсизабонони Покистон дод. Дар ин бора Охунзода Ориф Ҳасанхон, муҳаққиқи тоҷики муқими Покистон зимни суҳбат бо хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тоҷиддини Ризвон иттилоъ дод.
Ба зикри Охунзода, Сардор Мунир Аҳмадхони Тоҷик бо иҷрои ин амал эълон доштааст, ки ҳар як тоҷику форсизабоне, ки аз ҳар гӯшаи дунё ба Исломобод сафар мекунад, метавонад ба таври ройгон дар хонаи мазкур истиқомат кунад.