
3 октябри соли 2022 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳ Асрорзода Убайдулло Саттор бо ҳадафи ба роҳ мондани табодули академии донишҷӯён, ташкили курсҳои такмили омӯзгорон, гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак, татбиқи барномаҳои грантии таҳсилотии муштарак, баргузор намудани машғулиятҳои ҳузурӣ ва онлайнӣ аз ҷониби омӯзгорони МТОК- и Ҳиндустон ба донишҷӯёни муассиса ба Донишгоҳҳои Ҳиндустон ташриф оварданд.
Нахуст, намояндагони ДБССТ ба Донишгоҳи Ҷаваҳарлал Неру ташриф оварда, бо роҳбарияти Донишгоҳ, аз ҷумла директорони Институтҳои менеҷмент ва соҳибкорӣ, бизнеси байналмилалӣ ва омӯзиши илмҳои пешқадам мулоқот анҷом доданд. Дар натиҷаи гуфтушунид ҷонибҳо созишномаи ҳусни тафоҳумро ба имзо расонида, ба мувофиқа расиданд, ки шуруъ аз моҳи ноябри соли ҷорӣ тибқи барномаи табодули академӣ 2 нафар донишҷӯ ва 10 нафар омӯзгоронро ба таҳсил фаро гиранд. Ҳамзамон, теъдоди муайяни донишҷӯён аз донигоҳи болозикр ба ДБССТ сафарбар мегарданд.