Давоми шашмоҳаи аввали соли 2022 беш аз 75 нафар устодон, докторон, аспирантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳсил ва табодули таҷриба ба донишгоҳу марказҳои илмии кишварҳои хориҷ сафарбар шуданд. Ин нуктаро Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери сарвариаш бо хабарнигорон зикр кард.
“Барқарор намудан ва густариши ҳамкориҳои илмӣ, таҳсилотӣ ва фарҳангӣ бо макотиби олӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти раёсати донишгоҳ мебошад, ки татбиқ ва равнақи он масъулияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ аст”, — гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
Ректор зикр кард, ки дар соли таҳсили 2021-2022 ДМТ бо кишварҳои хориҷӣ 14 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар умум, донишгоҳ бо 321 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ созишномаву шартномаҳои ҳамкориро амалӣ карда истодаааст. Ҳамзамон, донишгоҳ дар радабандии байналмилалии донишгоҳҳо “QS” дар байни 450 донишгоҳ ва марказҳои илмии беҳтарини Осиё ва Аврупои Шарқӣ ҷойи 241-ро ишғол намуд.