Рӯзҳои 5-7 октябри соли 2022 дар шаҳри Никосияи Ҷумҳурии Кипр Конфронси 9-уми вазирони муҳити зист таҳти шиори «Дигаргуншавии сайёра» баргузор мегардад. Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ дод.
Дар доираи Конфронси мазкур як қатор чорабиниҳои иловагӣ оид ба муҳимтарин мавзӯъҳо ва самтҳои рушди устувор, экология ва муҳити зист, аз ҷумла як қатор мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба барои кишвари мо ба нақша гирифта шудаанд.
Дар ин чорабинӣ, ки дар сатҳи вазирони муҳити зист ҷараён дорад, кишвари моро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон намояндагӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби коршиносони Кумита Шарҳи сеюми фаъолияти экологӣ таҳия карда шуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Ба мақсади баррасии фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва таҳияи баррасии Чаҳорумин фаъолияти экологии Тоҷикистон ҳайати расмии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ширкат хоҳад кард.
Ҳамзамон, бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист чорабинии иловагӣ таҳти унвони “Моҳияти таҳияи таҳлили фаъолияти экологӣ барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ” баргузор гардида, дигар вохӯриҳои дуҷониба дар самти дахлдор дар назар аст.