9 октябри соли 2026 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши илму маориф дар татбиқи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ» бо иштироки олимону муҳаққиқон, намояндагони мақомоти давлатӣ, мутахассисон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ба кори чорабинӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор — Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ҳусни оғоз бахшида, нақши илму маорифро дар ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия — Султонзода Сулаймон Саид оид ба масъалаҳои мубрами пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар ин замина, ҷиҳати таҳкими заминаҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсия, татбиқи пайгиронаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Дар идома вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор — Саидзода Раҳим Ҳамро ба масъалаи нақши соҳаи маориф дар ташаккули шуури зиддикоррупсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз дошт, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии омӯзгорону донишҷӯён, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи донишандӯзӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва роҳҳои муассири пешгирии ин зуҳурот баррасӣ шуда, иштирокчиён таҷриба ва пешниҳодҳои худро оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, густариши корҳои маърифатию тарбиявӣ ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мақомоти дахлдор мубодила намуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ бо мақомоти давлатӣ дар пешгирии коррупсия ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа аҳаммияти хоса дошта, баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, муайян намудани роҳҳои муассири тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи поквиҷдонӣ, шаффофият, масъулиятшиносӣ ва муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ



