8 октябри соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ бо муовини дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия оид ба масъалаҳои бисёрҷониба Дато Доктор Аҳмад Файсал Муҳаммад мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ба монанди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва зарфиятсозии кадрӣ баррасӣ шуданд.
Дар ин радиф Барномаи ҳамкории техникии Малайзия (MTCP) барои рушди сармояи инсонӣ ва такмили малакаҳои касбии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо аҳамияти ҳифзи манфиатҳои муштараки ҳарду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколаммаи ҳамкории Осиё ва дигар созмонҳои минтақавӣ таъкид намуданд.
Қайд гардид, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, таҳкими сулҳ ва танзими зеҳни сунъӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ шудаанд.
Ҳамчунин омодагии тарафҳо барои боз ҳам густариш ва амиқтар кардани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои калидии мавриди таваҷҷуҳи муштарак таъкид гардид.



