
Масоили таҳкими ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Швейтсария дар Никосия, пойтахти Ҷумҳурии Кипр, рӯзи 6 октябр зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Директори Агентии федералии ҳифзи муҳити зист Катрин Шнебергер мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо лоиҳаҳои ҷории созмонҳои Швейтсария дар Тоҷикистон, самтҳои асосии ҳамкориҳо, инчунин самтҳои пешбинишавандаи густариши ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсарияро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, тарафҳо зарурати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, диққати махсус ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2025 — Соли байналмилалии пиряхҳо ва бунёди Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро зикр намуданд.
Раиси Кумита ба мусоҳиби худ дар бораи тамоюлҳои имрӯзаи соҳаи экология ва тағйири иқлим, гуногунии биологӣ ва омодагии Тоҷикистон ба Конфронси ҷонибҳо дар Миср маълумот дод. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар тамоми соҳаҳо тақвият диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ дар чаҳорчӯби Конфронси 9-уми вазирон оид ба муҳити зист (EfE) дар Никосия баргузор гардид.