Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 то 9 октябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад. Дар ин бора Марям Холиқзода, корманди маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангӣ рӯзи 3 октябри соли 2022 дар Муҷтамаи фарҳангии Аббосободи шаҳри Теҳрон бо иштироки шахсиятҳои намоёни сиёсӣ, аҳли адабу фарҳанги шаҳри Теҳрон баргузор гардид, ки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ маросимро ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас барномаи ҳунарии шеъру суруд, намоиши аксҳо ва мусаввараҳо, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллии Тоҷикистон доир шуд, ки мавриди истиқболи гарми иштирокчиён қарор гирифт.
Зимни баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Муҳаммад Маҳдии Исмоилӣ баргузор шуд, ки миёни ҷонибҳо суҳбати самимӣ сурат гирифта, ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар сол то сол густариш ёфта, адибон, ҳунармандон ва аҳли фарҳанги ҷонибҳо дар чорабиниҳои ҳар ду кишвар иштироки фаъолона доранд.
Ҳамзамон мулоқоти Вазири фарҳанг бо муовини Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба корҳои занон ва оила хонум, доктор Унсия Хазъалӣ доир гардид, ки дар мавзӯи занон ва оила, ҳамкориҳо дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифт.
Инчунин вохӯрии Зулфияи Давлатзода бо Раиси Фарҳангистони улуми исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, доктор Ҳаддоди Одил, Раиси Фарҳангистони ҳунари Ҷумҳурии Исломии Эрон, доктор Номбар Мутлақ, Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон Муродҷон Буриев баргузор гардид, ки таҳкими ҳамкориҳо дар ҷодаи гурӯҳҳои пажуҳишӣ, дар боби ҳунар, коргоҳи ҳунармандон, синамогарон, китобхонаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Китобхонаи Фарҳангистони ҳунари ин кишвар боздид намуд.
Ёдрас мешавем, ки Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Шероз ва Табрез низ доир гардида, барномаҳои ҳунарию эҷодӣ, намоишҳои ҷолибу дидании ҳунармандони бомаҳорати тоҷик пешкаши мардуми ин шаҳрҳо мегардад.