Бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забонҳои маъруфи ҷаҳон – русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардид, то муаррифи забони ғановатбору хушоҳанги мо дар арсаи ҷаҳон бошад. Дар ин бора Доро Суҳробӣ, сухангӯи ДДЗТ ба радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Ба зикри манбаъ, барои тарҷумаи босифату шоистаи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» таҳти роҳбарии ректори донишкада, профессор Жило Гулназарзода устодон Фаёз Турсунов, Бахтиёр Ҳоҷатов, Анвар Баротов (бо забони русӣ), Зубайдулло Мусоямов, Бобоҷон Маликов, Муҳаммадсалим Азизмуродов, Хамида Ишратова, Зулола Ҳалимзода, Ҷамила Ҷӯраева, Дилфӯза Саидова, Аюб Зикруллоев, Рухангез Сафарзода (бо забони англисӣ), Зоир Ғафуров, Манижа Носирова, Қурбонбегим Ғуломалиева, Сайёра Гиёева, Наврӯзмоҳ Муборакшоева ва Моҳбегим Иброҳимова (бо забони чинӣ) кӯшиш ба харҷ доданд.
Мавриди зикру ифтихор аст, ки китоби «Забони миллат – ҳастии миллат», воқеан ҳам, ҳамбаста ба ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ навишта шудааст. Аз ин ҷост, ки он зуд мақбули ҳамагон гашт ва барои аҳли кишвар ифтихорафзо шуд. Ин китоб бори дигар бо далелҳои муътамад ва суханони баланду дилписанд бузургию тавоноӣ ва таърихи пуршарафи забони модарии моро собит сохт.