
5 октябри соли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Ҷумҳурии Индонезия ва Шоҳигарии Таиланд, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Ардашер Қодирӣ бо муовини дабири кулли СММ, дабири иҷроияи ЭСКАТО хонум Армида Салсиа мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ЭСКАТО мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳарду ҷониб аҳаммияти густариши ҳамкориҳоро таъкид намуда, доир ба имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳо барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон табодули афкор намуданд.