7 октябри чоли 2022 дар шаҳри Ереван муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар машваратҳои муовинои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат варзид.
Дар рафти машваратҳо намояндагони мақомоти сиёсати хориҷӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи СААД табодули афкор намуда, омодагиро ба иҷлоси (ҷаласаи) навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмон, ки дар нимаи дуюми ноябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Арманистон баргузор мегардад, баррасӣ намуданд.
С. Имомӣ ба давлатҳои узви СААД дар бораи пайомадҳои таҷовузи низомии қаблан тарҳрезишудаи Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Қайд шуд, ки амалҳои таҷовузкоронаи давлати ҳамсоя хилофи алгоритми фаъолияти СААД ва муқаррароти санадҳои оинномавии Созмон аст. Таъкид гардид, дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар муқобили таҳдидҳои ҷиддӣ ба тамоми минтақаи СААД маҷбур аст барои ҳифзи марзҳои ҷанубии минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ нерӯҳо ва васоити зиёде эъзом кунад, иғвогариҳо дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон қобили қабул нест.
Машваратҳо мувофиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои иҷлоси сентябрии (соли 2021, ш. Душанбе) Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва иҷрои самтҳои авлавиятноки фаъолияти СААД дар давраи раисии Ҷумҳурии Арманистон гузаронида шуданд.