Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Владимир Кухаров мулоқот намуданд. Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дод.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Беларус мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз вазъи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Беларус бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ, ки аз мулоқоти мунтазами сатҳи олии роҳбарони ду давлат маншаъ мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки шаҳрҳои Минск ва Душанбе дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкории гуногунҷанба мебошанд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ҳоло миёни соҳибкорон ва корхонаҳои тиҷоратии шаҳрҳои Душанбе ва Минск ҳамкории мутақобилан судманд дар ташкили корхонаҳо ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ ба роҳ монда шудааст.
Иштирокчиёни мулоқот омодагии худро ҷиҳати боз ҳам бештар рушду густариш додани ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ҳарду ҷониб ва миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг иброз намуданд.