2 октябри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба зикри манбаъ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар пешвоз гирифт.