10 октябри соли 2022 корманди Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Таҳмина Ҳасанова дар муҳокимаҳои умумии Рӯзномаи Кумитаи дуввуми Иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба рушди устувор иштирок ва суханронӣ намуд.
Т. Ҳасанова дар бораи иқдомҳои Тоҷикистон дар раванди амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маълумот дод.
Инчунин зимни баромад, аз кишварҳои узв даъват ба амал оварда шуд, ки лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистонро марбут ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо иҷлосияи 77-уми МУ СММ дастгирӣ намоянд.