… Миёни коғазу рӯзномаҳои зиёди идора дастхатҳои ӯро пайдо кардам. Худаш пушти роёна менишасту чизе менавишт. Рӯбарӯяш чашм ба рӯзномаҳо корашро наззора доштам. Ӯ ҳарчанд ба монитор нигоҳ мекард, аммо гумонам бо чашмони андешаманд ҷониби ман менигарист.
— Вазъияти эҷод чӣ тавр?, — пурсидам аз ӯ.
— Як романи навро таълиф дорам. Қариб тамом шуд, — гуфту пардохт ба мутолиаи рӯзномаи чорқати рӯбарӯяш. Аз тарҳи чашмони хастааш эҳсос мешавад, ки зиёд мехонаду кам мехобад. – “Чанд пора аз асари нави Ҳасанзодро хондам, — якбора лаб ба гуфтор кушод, — забони асар хуб аст, вале қаҳрамон қавӣ нест. Эҷодкор пеш аз навиштани асаре бояд қаҳрамонро дар ҷомеа ҷустуҷу карда, образҳои таъсиргузорро офарад. Прототипи як нафарро не, чанд намунаи давру замонро бояд мавриди омӯзиш қарор диҳад, зеро воқеъбинона тасвир намудани ҳаёти қаҳрамон ҳунари нависандаи образофар аст. Ҳасанзод ҳикояҳои хуб менависад, мақолаҳояш ҳам хубанд. Бояд дар интихоби қаҳрамону тасвири рӯзгори ӯ тамоми ҳунарро сарф кард. Навиштани асар албатта кори осон нест. Аммо, завқи хонандаро ҳам бояд ба инобат гирифт”,-гуфту дигарбора рафт ба сайри кӯйи эҷод.
Аз рӯи акси рӯзномаи дар наздаш буда дарёфтам, ки манзураш қиссаи “Даллол”-и Сипеҳри Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод аст, ки як порааш дар ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” ҳамон ҳафта интишор ёфта буд. Ин дебочаи кӯтоҳ бори дигар боис ба он шуд, ки дар мавриди шахсият ва рӯзгори Атобек Ғоибов, муҳаррири варзидаи бахши узбекии радиои бурунмарзии “Овози тоҷик” фаротар аз тасаввуру даркам то ин замон андешам.
Вориди фазои хаёл шуда, куҷо буданамро фаромӯш кардам. Пеши назар симову дар бехи гӯш суханҳои чанд лаҳза қабл гуфтаи акаи Отабек (мо он касро чунин меномем) танин дошт. Чун ба худ омадам, дидам, ки ба ман менигараду сукут меварзад. Дигар нахостам хомӯширо халалдор кунам. Сукути тазйиқовар фазои бахши узбекии радиоро пур мекунад. Ман оҳиста ба берун мебароям. Ӯ монду оламе пур аз сукут …
Масири андаке камтар аз шаш моҳи фаъолият минҳайси ноиби сардабир дар ин расонаи бурунмарзӣ бароям симову истеъдодҳои зиёдеро рӯбарӯ сохт. Ба маълумоти шаҳри ҳолаш ин марди майдони эҷоду дӯсти вафодори қалам масири 35 сол боз дар майдони эҷод хома медавонд. Корро дар ин пайроҳа аз матбуот оғоз кард, ҳарчанд қабл аз ин, намояндаи касби тамоман дигар буд…
Атобек Ғоибов дар фасли сабзиҳо руста. Ӯ мутавалидди рӯзҳои накӯи Наврӯз аст: 24-уми марти соли 1959. Чун бо омаданаш сурур ба кошона оварду бо гиряҳояш оромӣ аз хона бурд, ин туҳфаи накӯи тақдирро қиблагоҳаш Холмат-ака Ато номид, зеро ӯ воқеан атои Эзид ба хонаводаашон буд.
Дар кӯчаву паскӯчаҳои ноҳияи Орҷоникидзобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) бузург шуд. Ҳанӯз ҳини мактабхонӣ ба навиштан шавқ дошт. Вале, рӯзгор чун барояшон вазнинӣ овард, баъди хатми мактаб ба ҷойи идома ба донишгоҳ ба кор рафт, зеро акнун ноновар маҳсуб меёфту хурдсолтарон аз ӯ чашм ба роҳу халтаҳои дасташ буданд. Давоми панҷ сол бе танаффус дар коргоҳи он замон хеле маъруфи “Текстил” ба кор пардохт. Барояш осон набуд, чун оташи идомаи таҳсилро аз кунҷи қалб берун оварда натавонисту бурунаш овардан ҳам намехост. Ин буд, ки ба сахтиҳои тақдир тан доду кор карду хурдтараконро бузург.
Чун акнун ризоияти таҳсилро ба даст овард, андешид, ки кӯзаи тиллоро дарёфт. Ин барояш фаротар аз чандин кӯзаҳо буд. Рафт ба қабули донишҷӯён ба Донишкадаи забонҳо. Риштаи забон ва адабиёти русро интихоб карду ҳуҷҷати супурд. Имтиҳонҳо паси сар шудаву мурғи бахт ба болои сараш нишаст. Акнун ӯ донишҷӯ буд. Ба хотири ифои рисолати ноноварӣ рӯзона мехонду шабона кор мекард. Бад-ин минвол таҳсил ҳам поён ёфту ӯ мутахассис шуд.
Акнун сари дуроҳа қарор гирифт, зеро мебоист мақоми навашро интихоб мекард – ё равғанмоли “Текстил” ё мусаҳҳеҳи рӯзномаи маъруфи давр — «Совет Тожикистон» (имрӯз “Халқ овози”). Аз ду гуна дуюмиро пазируфт ва пайваст бо қалам. Ин ду минбаъд ҷӯраҳои ҷонӣ шуданд. Ин рафоқат то соли 1990 – дақиқан, то эълони Истиқлоли кишвар идома кард. Баъд ба радио омад. Муҳаррири идораи иттилоотии Радиои Тоҷикистон таъин шуд. Ин рӯзгорро бо сахтӣ ба ёд меорад, зеро осон набуд кори хабарнигорӣ дар ин лаҳазоти пурошӯб. Чун кишвари мо дар вартаи маргу мир буду ҷанги таҳмилии бародарӣ сари ҳар нафас тири аҷал мепаронд, ӯ дар миёни ин обу оташ гаҳ аз ин майдон мегуфту гаҳ аз муодилаш ва ин ҳам ба хотири риояи тавозуни назар. Борҳо хатар суроғаш омад, аммо бо хушӣ паси сарашон кард. Дар ин миён то таъсиси радиои бурунмарзӣ сари ҳарбу зарб монд.
Чун идораи барномаҳои бурунмарзӣ ва студияи “Фурӯғи Ориёно” муттаҳид шуда, радиои бурунмарзии “Овози тоҷик” созмон ёфт, ӯро ба хотири узбек будану доштани таҷриба дар матбуоти узбекӣ ба ин даргоҳ таклиф карданд. Рад накард, зеро ин ҷо бештар лозим буд. Ва инак, бо фарои 15 сари сол ҳар рӯз аз соати 15:00 то 16:00 бо хитобаи “Ассалому алайкум қадрли юртдошлар ва чет эллик азиз тингловчилар. “Овози тожик” каналининг ўзбек тилидаги эшиттиришларини бошлаймиз. Бу эшиттиришни ҳар куни соат 15 да ҒМ-105,5 тўлқини орқали тинглай оласиз. Унинг такрори тунги учда берилади. Студияда бугун навбатчи муҳаррирлар Отабек Ғоибов, овоз режиссёри Қиёвмиддин Зокиров”. Ин хитоба оғозгоҳи ҳар рӯзи Отабек-ака буд…
Ҳар гоҳ агар бо тақозое ба утоқи кории онҳо биёям, Атобек Ғоибов бо сари хам паси миз рӯ ба роёна машғули кор аст. То як ғоти шаб кор мекунад. Мешинаду менависад. Чӣ менависад, худаш медонаду коғазҳои испеди дохили роёна. Ҷуръат намекунам, ки бипурсам ва худаш ҳам нишон намедиҳад. Ӯ ҳамин гуна одам аст. Баъди рафтани кормандони бахш як-ду соати дигар кор мекунад. Охир, вай фақат муҳаррири радио нест: адиб асту тарҷумон. Аз нисф зиёди рӯзноманигорони узбекзабони кишвар шогирдони ӯянд. То имрӯз 8 асараш интишору бо забонҳои узбекӣ, русӣ ва олмонӣ тарҷума шудаанд.
Ҳини таҳияи барномаҳо кормандони бахш ҳам ба мушкиле гирифтор шаванд, мониторро дарҳол ҷониби ӯ мегардонданд. Сахтгирии ӯ буд, ки 2 корманди навтаъини бахш аз ҳисоби ҷавонон давоми як ҳафта корро аз худ карда, имрӯз мустақилона барнома омода мекунанд. Ӯ болои ин қадар кор боз китоби зиёд мехонд ва ба тарбияи ҷавонони эҷодкор диққати ҷиддӣ медоду агар кормандони ҷавон ҷумлаеро нодуруст тарҷума ё талаффуз кунанд, даррав онҳоро ислоҳ мекард.
Хизматҳои ин марди наҷиб бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадр шудаанд. Пеши барашро нишону медалҳои зиёд зеб медиҳанд. Оре, ӯ дорандаи нишонҳои сарисинагии Аълочии матбуот, фарҳанг, телевизион ва радио, ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ, 100 – солагии матбуоти тоҷик, Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанди дигар. Соли пор дар Ҷумҳурии Узбекистон шарафи адибони кишварро ҳимоя кард. Барои маҷмӯаи асарҳояш миёни 50 кишвари ҷаҳон медали тиллои озмуни байналмилалии “Қалами тиллоӣ” (“Oltin qalam”)-ро ба даст оварду ливои меҳру саодати кишварро дар фазои адабиву фарҳангии ин кишвар миёни дигар байрақҳо болотар бардошту ба раддаи аввал нишонд.
Чанд рӯз қабл дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, унвону ҷоизаҳои давлатиро супориданд. Маросими супурдани ҷоиза ба истиқболи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли кишвар баргузор шуд. Хурсандиовар аст, ки дар миёни ҷоизадорони имсола муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» Атобек Ғоибов низ бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардид. Ин дуюмин мукофоти давлатӣ аст, ки Атобек Ғоибов барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи ВАО ва пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қадрдонӣ шуд. Аввалин маротиба соли 2006 ба ин рӯзноманигори шинохта Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буд. Ҳаёти инчунин фарди қалампайванд ва эҷодкори асил, ки як умр бо қалам дӯстӣ дошт, барои рӯзноманигорони ҷавони радио мактаби хуби омӯзишу таҷриба аст, зеро ӯ адиб буду тарҷумон, рӯзноманигору публитсист ва дар маҷмӯъ, дӯсти қалам…
Он рӯз мо аҳли кормандон хурсандӣ доштем ва барои ноил шудан ба ин нишони бузург шодбошашон мегуфтем, аммо тақозову тадбири тақдир, ки субҳи имрӯз хабари даргузашташонро шунидем. Замини сахту самои баланд дигар ӯро дар худ ғунҷонида натавонист ва баъди 10 рӯзи марги ҳамсари азизу дӯстдоштааш канори ӯ рафт. Ин хабари андӯҳбор кулли кормандонро руҳафтодаву маъюс кард. Оҳ, дӯст, устод, роҳнамо ва ғамхори ҷумлаи кормандон, ҷоятон Ҷаннату руҳу равонатон шод ва манзили охирататон обод бошад. Мо хотираи Шуморо ҳамеша пос медорем. Ором бихобед…
Аз идора: Аз номи ҳайати эҷодиву техникии шабакаи бурунмарзии “Овози тоҷик” ба наздикону пайвандони марҳум изҳори амиқи ҳамдардӣ намуда, барояшон сабри ҷамил хоҳонем.
Мирсаид САТТОРИЁН,
муовини сармуҳаррири
радиои бурунмарзии
“Овози тоҷик”