
Дирӯз, 12 октябри соли равон мулоқоти муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо муовини котиб оид ба захираҳои инсонии Вазорати захираҳои инсонӣ ва амораткунонии Аморати Муттаҳидаи Араб Халил Хурӣ тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқоти мазкур Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб дар самти қувваи корӣ аз 16 апрели соли 2018 баррасӣ ва муҳокима гардид. Дар робита ба ин масьала фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и вазорат муаррифӣ гардида, ҷонибҳо оид ба тақвияти корҳо дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.
Дар натиҷа тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Ёддошти тафоҳуми мазкур дар самти истифодаи қувваи корӣ ва диверсификатсияи самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.