Дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ду кишвар — Ўзбекистон ва Тоҷикистон марҳилаи сифатан навро касб намуд. Аз ҷумла, рўзи 7 майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд Меморандуми ҳамкорӣ миёни Иттифоқи журналистони Ўзбекистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Дар асоси ин созишнома ҳар сол як маротиба ҳайатҳои эҷодӣ бояд ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.
Дирӯз ҳайати Иттифоқи журналистони Ўзбекистон бо сарварии раиси иттифоқ Олимҷон Ӯсаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд. Рўзи аввали сафар ҳайати кишварамон аз Кохи матбуот боздид намуда, бо ҳампешагони худ мулоқот карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати рӯзноманигорон сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карда, бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавии кишвари дӯсту дар мулоқот шуда, аз китобҳое, ки таҳти ташаббуси таҳририят рӯйи чоп омадаанд, тӯҳфа кард.