Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар нишасти VI-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҳифзи сулҳу субот, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мавзӯъҳои рузмарра суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки “мо тоҷикон қадри сулҳу субот ва ҳифзи онро амиқан дарк мекунем. Солҳои аввали расидан ба Истиқлол мардуми мо имтиҳони талху душвор ва замонҳои пурташвишеро аз сар гузаронидааст. Бинобар ин, Тоҷикистон узви фаъоли гуфтугӯи глобалӣ доир ба амният дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба шумор меравад.”
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон нишасти VI-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иштироки сарони давлатҳои узви МҲТБО ҷараён дорад.