Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ то ба имрӯз беш аз 2000 тонна чормағзи заминӣ чиданд. Ҷамъоварии ҳосил ҳанӯз ҳам дар аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ идома дошта, деҳқонони ноҳия ҳосили хуб ба даст меоранд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар дод.
Солҳои охир парвариши чормағзи заминӣ дар хоҷагиҳои ноҳия зиёд гардида, деҳқонон аз он манфиати хубӣ иқтисодӣ мегиранд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аз истеҳсоли ин зироат ҳамасола на фақат бозорҳои вилояти Суғд, балки дигар минтақаҳои ҷумҳуриро низ таъмин мекунанд.
Барои коркарди чормағзи заминӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ корхона таъсис дода шудааст, ки то ҳол фаъолияти хуб дорад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар яке аз мулоқотҳо бо мардуми ноҳия коркарди чормағзи заминиро ба масъулони соҳа ва соҳибкорони маҳаллӣ дастур дода буданд.
Айни замон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоати деҳоти Палдорак сохтмони корхонаи коркарди чормағзи заминии ҶДММ «Ҷаъфар» ҷараён дорад. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Ниёз Ниёзов бо харҷи беш аз 750 ҳазор сомонӣ сохта шуда, метавонад то 10 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин созад. Барои ба роҳ мондани истеҳсолот аз ҷониби муассиси корхона таҷҳизоти зарурӣ аз Чин ва Туркия ворид карда шуда, дар он дар як сол то 4000 тонна маҳсулот коркард мешавад. Бо ба кор андохтани корхонаи нав коркард ва истеҳсоли маҳсулот дар асоси омӯзиши бозор ба роҳ монда шуда, дар оянда содироти маҳсулоти тайёр низ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки чормағзи замини яке аз зироатҳои пурқиммати равғандор буда, дар ноҳияи Мастчоҳ парвариши он зиёд ба роҳ монда мешавад.