
Пагоҳ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.Ҳамзамон, дар дораи он Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаҳои кишоваразӣ доир мегардад. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзӣ ба мухбири радиои “Овози тоҷик” Зулфия Сафарова хабар доданд.
Дар фестивал дастранҷи заҳмати марди деҳқон аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳа пешниҳоди иштирокдорон мегардад.
Интизор меравад, ки дар он аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳанд шуд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта мешавад.