Дар Боғи истироҳати “Central Park”-и шаҳри Тошкент Ҷашнвораи XVIII хайрияи анъанаҳои фарҳангӣ ва таомҳои миллӣ баргузор гардид. Ҷашнвора бо ташаббуси Бюрои хадамоти дастгоҳи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳандозӣ шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон радифи сафоратхонаҳои дигари хориҷӣ бо суфраи худ дар ҷашнвора иштирок намуд.
Дар пештоқи растаи омоданамудаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон навиштаи “Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш омадед!” бо чанд забон овезон буд. Суфрае, ки Сафорат барои ин ҷашнвора густард, аз таомҳои гуногуни миллии тоҷикӣ, мисли қурутоб, оши кӯфта, оши бурида, оши палав, шӯрбо, инчунин, бастаи шириниҳо, маҳсулоти аз хамир тайёршуда, себу шафтолуву анор, ангуру анҷир ва амсоли он иборат буд.
— Бори ҳаждаҳум аст, ки Сафорати мо дар чунин Ҷашнвора ширкат мекунад. Маблағи аз ин ҳисоб ҷамъшуда барои анҷоми корҳои хайрия масраф мегардад. Ин бор низ суфраи мо мавриди таваҷҷуҳи махсуси меҳмонони зиёди чорабинӣ қарор гирифт. Ҳар кӣ аз таомҳои мо нӯши ҷон мекард, мазаву лаззати онро ҳатман ситоиш менамуд, — гуфт корманди Сафорат Садбарг Ғаниева.
Дар саҳнаи васеъ ҳар сафорат барномаи консертии худро низ ба самъи иштирокчиёни ҷашнвора ҳавола намуд. Бо баланд шудани таронаҳои ҷолибу ҷаззоб ва мусиқии форами тоҷикӣ зану мард ба рақс даромаданд ва шодиву сурур тантана кард.
Дастандаркорони Ҷашнвора дар охир ғолибонро аз рӯи номинатсияҳо эълон карданд. Суфраи тоҷикӣ аз рӯи номинатсияи “Таомҳои миллии таърихӣ» ғолиб дониста шуда, сазовори мукофоти махсус гардид. Барои ширкати фаъол дар чорабинӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳиби диплом ҳам гашт.