Рӯзи 15 августи соли ҷорӣ Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода бо мудири кулли раёсати ҳамкориҳои фарҳангӣ ва умури эрониёни хориҷ аз кишвари Созмони фарҳанг ва иртиботи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Алӣ Каёнӣ мулоқот намуд.
Тавре Марям Холиқзода ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Маҳинбонуи Мирзо хабар дод, дар вохӯрӣ муносибатҳои фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон ва Эрон дар Тоҷикистонро баргузор намоянд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор шуд.