Дар ҳошияи таҷлили 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии мамлакат як қатор кормандони эҷодию техникии радиои бурунамрзии “Овози тоҷик” барои саҳми арзанда ва хизматҳои шоён дар рушду нумӯъи телевизион ва радио, тарғиби ғояҳои ватанпарастию ҳуввияти милл ва дастовардҳои даврони истиқлолияти ватани маҳбубамон тавассути барномаву гуфторҳои пурмазмун бо медалу унвон ва ҷоизаҳои давлативу соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла, 7-уми сентябр зимни таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар корманди радиои “Овози тоҷик” — Зарина Муродова, котиби масъул бо унвони “Аълочии телевизион ва радио” ва Адолат Азизова, коргардони дараҷаи 2 бо Ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон, бахшида ба ин саннаи муқаддас бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муътабар Насирова, муҳаррири варзидаи бахши русии шабака бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонда шуд. 5 –уми сентябр мукофоти давлатиро ба ӯ дар ҷамъомади тантанавӣ дар толори Кумитаи телевизион ва радио Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон тақдим кард.
Қаблан, 25-уми август муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» Атобек Ғоибов дар Қасри миллат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони давлатии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гашта буд.
Инчунин, дар ҳошияи ин ҷашни бузург Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии миёни намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мавзуи “Пиряхҳои Тоҷикистон-сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” озмуни ҷумҳуриявӣ эълон кард. Зимни натиҷагирии ҳайати ҳакамон барномаи радиоии Зарина Абдулвоҳидова, мудири бахши форсии радиои “Овози тоҷик” ғолибдониста шуда, бо дипломи дараҷаи I мукофотонида шуд.
Аз идора: Гуруҳи кормандони радиоро, ки соҳиби дастовард шуданд, аз номи ҳайати эҷодиву техникии шабака таҳния гуфта, барояшон дар идомаи фаъолияти корӣ барор мехоҳем.