Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки 18-19 октябр дар Душанбе баргузор мегардад, асосан ба таҳлили чолишҳои кунунии амнияти сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он, аз ҷумла муайян кардани таҳдидҳо ва хатарҳо дар идоракунии сарҳадот дар заминаи мубориза бо терроризм равона карда мешавад.
Дар он таваҷҷӯҳ иштирокчиён ба мушкилоти асосӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ва чӣ гуна таҳкими мубодилаи самараноки иттилоот бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адолати судии ҷиноятӣ ва идоракунии сарҳад ҷалб карда мешавад.
Дар иҷлосия ҳамчунин тамоюлҳои кунунии муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва сабук, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, силоҳу маводи ҳастаӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва радиатсионӣ ва мубориза бо он баррасӣ мешаванд.
Пас аз анҷоми конфронс, 20 октябр иштирокчиён аз ҷойҳои тамошобоби таърихии кишвар, аз ҷумла шаҳри Роғун, Калъаи Ҳисор, Маҷмааи Истиқлол ва Озодӣ ва дигар маконҳои динадбоби кишвар дидан хоҳанд намуд.