Дар идомаи рӯз дар доираи сафари расмии худ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо тарҳи меъморӣ ва консепсияи Марказ, толорҳои намоишии осорхона ва маводи илмие, ки мероси ғании таърихӣ, маънавӣ ва зеҳнии тамаддуни исломиро инъикос менамоянд, шинос гардид.



