4 ноябри соли 2026 дар шаҳри Минск муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух дар ҷаласаи пленарии Конференсияи IV байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар суханронии худ ӯ аз ҷумла ба зарурати таҳкими эътимод, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозиҳои бисёрҷониба таъкид намуда, онро омили муҳим дар таъмини сулҳи устувор дар фазои Авруосиё ва миқёси ҷаҳонӣ арзёбӣ кард.
Муовини якуми вазир ҳамчунин аз ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» ва ташаббуси эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба манфиати наслҳои оянда», ёдовар гардида дар бораи иқдомҳои андешидаи давлат дар таъмини сулҳу суботи минтақавӣ иттилоъ дод.
Омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманд бо ҳамаи шарикони минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид гардид.



