Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ «СПЕКА» вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Бакит Сидиқов баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунуни ва дурнамои ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таҳияи харитаи роҳ оид ба зиёд намудани гардиши савдои мутақобила ва тавсеаи истифодаи имкониятҳои мавҷударо муҳим арзёбӣ намуданд.



