
13 октябр мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Мурашко баргузор гардид. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Россияро дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон, аз ҷумла роҷеъ ба таъсис додани корхонаи истеҳсоли доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб, инчунин зиёд намудани теъдоди бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии Федератсияи Россия изҳори назар карданд.