Дирӯз, 3 августи соли равон Нишасти чоруми Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нишаст таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва узвияти роҳбарияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар он роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи амали Гурӯҳи корӣ дар соли ҷорӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таҳкими абзорҳои ҳамоҳангсозии байнисохторӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ баррасӣ шуд.
Ҳамзамон, дар доираи нишаст натиҷаи гузориши таҳлилии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон (IFC) оид ба вазъи ҳамлу нақли ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.