Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо вобастаи минтақавии сафорати Фаронса дар Россия оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маводҳои аудиовизуалӣ хонум Эммануел Фосийон мулоқот намуд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад, дар вохӯрӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи маводҳои аудиовизуалӣ, роҳандозии мактаби синамонигорон дар соли 2023, табодули мутахассисон, лоиҳаҳои синамоии муштарак табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон, тарафҳо вобаста ба бунёд ва таҷдиди кинотеатрҳо, пурзӯр намудани назорати ҳуқуқи муаллифии филмҳои истеҳсоли “Тоҷикфилм”, баргузории синамоҷашнвораҳои муштарак, намоиш ва паҳнкунии филмҳо ибрози андеша намуданд.
Аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” лоиҳаи барқарорсозии филмотекаи “Тоҷикфилм” муаррифӣ гардид.
Ҷонибҳо рушду инкишоф ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи маводҳои аудиовизуалиро дар давраҳои минбаъда муҳим арзёбӣ намуданд.