
(Эҳдо ба 73-солагии радиои бурунмарзии «Овози тоҷик»
Шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик»-и Радиои Тоҷикистон, ки қаблан ҳамчун идораи барномаҳои бурунмарзӣ фаъолият дошт, 16 октябри соли 1949 бо ташаббус ва дастгирии академик Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфтааст. Шабака инак давоми 73 сол боз барои ҳамзабонони бурунмарзӣ ва шунавандагони гуногунзабони худ дар хориҷи мамлакат ҳамарӯза давоми 24 соат (12 соати оригинал ва 12 соат такрори он) бо 8 забон барномаҳо таҳия мекунад.
Ба зикри муҳаққиқони соҳаи рӯзноманигорӣ, ташкили идораи барномаҳои бурунмарзӣ дар назди Радиои Тоҷикистон яке аз воқеаҳои муҳими охири солҳои 40-50-уми асри гузашта дар таърихи радиошунаванонии Тоҷикистон ва тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёбад, зеро дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аввалин шуда, ба шунавонидани барномаҳои бурунмарзӣ оғоз намуд. Барномаҳои ин идораро миллионҳо ҳамзабонони хориҷ аз кишвар шунида, тавассути он ба рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ошно мегардиданд.
Бо мурури замон ҳаҷми гуфторҳои идораи барномаҳои бурунмарзӣ давра ба давра афзуда, то ба чор соат расид. Сипас, ба забони форсӣ барномаҳо ташкил шуданд, ки боиси афзун гардидани вақти барномаҳо гардид. Сипас, тадриҷан барномаҳо бо забонҳои дарӣ, русӣ, узбекӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва ниҳоят англисӣ ташкил ёфтанд.
Дар идораи барномҳои бурунмарзӣ дар солҳои гуногун рӯзноманигорон, мутарҷимон ва донишмандони шинохта амсоли Саид Боғиров, Қосим Дайламӣ, Маҳмуд Туробӣ, Лайло Шарифӣ, Иброҳим Умаров, Саъдулло Раҳматуллоев, Абдуқаҳҳор Халилов, Абдуҷаббор Ваҳҳобов, Гулнисо Замонӣ, Мирзошоҳ Ватаншоев, Бурҳон Раҳмонов, Абдусалом Раҳматов, Бек Раҳмонӣ, Отабек Ғоибов ва даҳҳо нафарони дигар кору эҷод намуда, шогирдони зиёдеро тарбия кардаанд, ки ҳоло идомадиҳандаи пайроҳаи ин бузургонанд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар самти фаъолият ва услуби кори кормандони идора тағйир ёфт. 1-уми июни соли 2007 дар заминаи идораи барномаҳои бурунмарзӣ ва студияи “Фурӯғи Ориёно” шабакаи бурунмарзии радиои «Овози тоҷик» таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии таъсиси шабака шинос намудани шунавандагони хориҷӣ бо самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси таърих ва фарҳанги пурғановати мардуми ин сарзамин ҳамчун меросбарони таъриху тамаддуни ин миллат яке аз рукнҳои асосии кори ин шабака маҳсуб меёбад.
Имрӯз шабака бо технологияи муосир таҷҳизонида шуда, фаъолияти шабонарӯзи дорад. Яъне, дар зарфи 24 соат муҳаррирони шабака бо 8 забон: тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, русӣ, ӯзбекӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва англисӣ, барномаҳоро таҳия ва пахш менамояд. Аз ҷумла бахши тоҷикӣ – 2 соат, бахши дарӣ -2 соат, бахши форсӣ- 2 соат, бахши русӣ- 2 соат, бахши ӯзбекӣ – 1 соат, бахши арабӣ -1 соат, бахши ҳиндӣ — 1 соат ва бахши англисӣ — 1 соат мустақиман пахш гардида, баъдан 12 соати дигар барномаҳо такроран шунавонида мешаванд.
Бахши иттилоотии «Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон» ҳар соат бо 8 забон хабару гузоришҳои тозаро аз дохил ва хориҷи кишвар ба таври саривақтӣ пешкаши шунавандагон менамояд. Дар маҷмӯъ, ҳар рӯз 12 нашри хабарӣ таҳия мегардад, ки дар онҳо аз 6 то 12 хабари муаллифӣ ва таҳияшуда истифода мешавад.
Бо талаботи замон барномаҳо дар доираи мавзуҳои гуногун таҳия ва пахш мегарданд. Аз ҷумла, барномаи «Пайванд» роҷеъ ба ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дигар муносибатҳои судманди Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, ҳамзамон, равобити хориҷии ниҳодҳои гуногуни давлатӣ бо иштироки коршиносон масоили сиёсиву соҳавӣ ҳафтае ду маротиба рӯзҳои душанбе ва чорашнбе дар ҳаҷми 20 дақиқа садо медиҳад.
Барномаи таҳлилии «Суҳбати рӯз» дар робита ба мавзӯъҳои муҳимми рӯзмарраи дохилу хориҷи кишвар омода мегардад ва ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбею ҷумъа дар ҳаҷми 15 то 20 дақиқа садо медиҳад.
«Нигористон» пайваста аз олами ҳунару санъат ва рӯзгори ҳунармандони соҳаҳои гуногун таҳия шуда, ҳар рӯзи ҷумъа дар ҳаҷми 15 — 20 дақиқа пешкаши шунавандагон мегардад. «Гулшани маънӣ» барномаи адабӣ буда, доир ба рӯзгор ва осори мутафакирони бузурги тоҷик омода мешавад, ки рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа дар ҳаҷми 20 дақиқа садо медиҳад. Инчунин, барномаҳои «Ёдгори умр», «Кишвари ман», «Иқтисоди миллӣ», «Нерӯи созанда» ва даҳҳо барномаҳои дигари сиёсию иқтисодӣ дар фазои хабарӣ пахш ва инъикос мешаванд. Барномаи муаллифии «Ёди Ватан» моҳе ду маротиба роҷеъ ба рӯзгору фаъолияти хориҷиҳои муқими Тоҷикистон (1 нашр) ва тоҷикони бурунамрзӣ (1 нашр) ҳар рӯзи шанбе пахш мешавад.
Дар маҷмӯъ, дар шабака ҳар рӯз наздик ба 20 барномаҳои таҳлилӣ, сиёсию фарҳангӣ, шарҳу гузориш ва тафсирҳо садо медиҳанд. Бо рушди техникаи муосир ва тамоюли нави соҳа, инчунин, густариши журналистикаи чандрасонаӣ тӯли 2 сол боз шабака дар фазои иттилоотӣ бо сомонаву шабакаҳои иҷтимоии худ маъруф буда, айни ҳол барои чандин хабаргузориҳои дохиливу хориҷӣ чун манбаи иттилоъ истифода мешавад. Сомона ҳамарӯза маводди ҷолибу рангин ва муҳимтарин хабару рӯйдодҳои рӯзро пешкаши хонандагони худ менамоядт.
Хулоса, нақши шабакаи «Овози тоҷик» дар густариш ва таҳкими робита бо ҳамзабонони бурунмарзӣ хеле калон аст. Шабакаро имрӯз дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешунаванд. Гувоҳи ин гуфтаҳо номаҳои хаттиву навориест, ки пайваста аз ҷониби шунавандагони бурунмарзӣ ба унвони ин шабака бо забонҳои гуногун меоянд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
муовини сармуҳаррири
радиои бурунамрзии «Овози тоҷик»