
Тавре ки қаблан иттилоъ додем, 27-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони “Мавлоно – муршиди ваҳдат ва гуфтугўи тамаддунҳо” баргузор гардид, ки он бахшида ба 815-солагии Мавлоно бахшида шуд. Дар ин бора Зулфия Раҳимзода, мухбири радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Ба зикри мухбир, ин ташаббус меҳмононро аз гӯшаву канори олам гирди ҳам оварда, меҳмомнон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон, Ҳиндустон, Олмон, Туркия, Индонезия иштирок доштанд.
Дар маросими ифтитоҳии Конференсия Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” профессор Файзализода Ҷумахон Хол баромад намуда, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро барои ҳузурашон хайрумақдам намуд. Баъдан, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур, намояндаи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Индонезия Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Сипас, Конференсияи байналмилалии “Мавлоно – муршиди ваҳдат ва гуфтугўи тамаддунҳо” аз рӯйи ду бахш: Мавлоно Ҷалоллидини Балхӣ муршиди ваҳдат ва гуфтугўи тамаддунҳо; Нақши Ҷалоллидини Балхӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ идома ёфта, иштирокдорон вобаста ба бахшҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Конференсияи “Мавлоно – муршиди ваҳдат ва гуфтугўи тамаддунҳо” баъд аз маросими муқаддимавӣ аз рӯйи бахшҳо иштирок ва суханронии меҳмонон аз хориҷи кишвар тариқи онлайн-конференсия ва бо ирсоли видео роликҳо низ анҷом пазируфт.
Ҳамзамон бояд гуфта шавад, ки дар Конференсияи байналмилалии “Мавлоно – муршиди ваҳдат ва гуфтугўи тамаддунҳо” ҷиҳати суханронӣ дар он шахсиятҳои бисёр муътабар, чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги кишварҳои хориҷ ва дохили кишвар даъват шуданд.
Конференсияи имрӯза дар сатҳи хеле баланд баргузор гардида, тамоми иштирокдорон изҳори қаноатмандӣ намуданд ва махсусан ба Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташаккури самимии худро расонида, барои ҳамкориҳои судманд ва дуҷониба пешниҳодҳои муфид низ иҷро намуданд.