Дар шаҳри Берлин 3-юмин Форуми кишварҳои ҳавзаи Хазар ва Аврупо таҳти унвони “Амният, иқтисод ва пайвастшавӣ ба минтақаи Хазар” баргузор гардид.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад, дар чорабинӣ намояндагони давлатҳои ҳавзаи Хазар, Осиёи Марказӣ, роҳбарони ширкатҳои бузурги олмонӣ, палатаҳои савдо ва саноат, ҳамчунин доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доштанд.
Мавзӯъҳои асосии форум тақвияти шарикии стратегӣ байни Аврупо ва кишварҳои минтақаи Хазар, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, тавсеаи ҳамкориҳо барои рушди устувор, нерӯи таҷдидпазир, амнияти озуқаворӣ ва тандурустӣ маҳсуб ёфтанд.
Дар ҳошияи ин нишаст вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Раиси Форуми кишварҳои ҳавзаи Хазар Райнер Линднер, муовини раис Надер Малики, ҳамчунин бо роҳбарони ширкатҳои бонуфузи саноатӣ, тиҷоратӣ, логистикӣ ва сармоягузорӣ доир шуд.
Зимни суҳбат тарафҳо вобаста ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ибрози андеша намуданд.