
Рӯзҳои 14-15 октябри соли 2022 бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ), Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Казоқистон дар шаҳри Остонаи Казоқистон Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои асосии меҳнатӣ дар Қазоқистон, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ ва вазифаҳои ҳаракати байналмилалии иттифоқҳои касаба барои таъмини ояндаи шоистаи кори омӯзгорон» доир гардид.
Конференсияро раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Қазоқистон ифтитоҳ намуда, сипас роҷеъ ба мавзӯи Конференсия сармутахассис оид ба меҳнати ТБМ, Президенти Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Директори аврупоии Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо суханронӣ намуда, вобаста ба конвенсияҳо ва барномаҳои қабулгардида ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва ҷолибияти касби омӯзгорӣ ва нақши иттифоқҳои касаба дар ин самт маълумот доданд. Сипас мушкилотҳо ва пешравиҳо дар таҷрибаи кори иттифоқҳои касабаи маорифи Озарбойҷон, Гурҷистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Арманистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон шунида шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар Конференсияи мазкур аз Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Нозакзода – раис, Ф.Буризода – мудири шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ, И.Шарипов – мудири шуъбаи молия, банақшагирӣ ва хоҷагидории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ва Н.Нурализода – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Дӯстӣ ширкат дошт.