Дар доираи Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки таҳти унвони “Дурнамои инкишофи ҳамкориҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус” дар пояи Донишгоҳи миллӣ баргузор шуд, вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Иванса А. И., вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳимҷон ва ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Беларус аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд. Дар ин бора Мардихудо Давлатов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДМТ иттилоъ дод.
Меҳмонони олиқадрро ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон истиқбол намуда, ба экспонатҳои осорхона шинос намуданд. Таъкид шуд, ки Осорхонаи Пешвои миллат мутобиқ ба талаботи замони муосир, бо дарназардошти аслият ва мазмуну мундариҷаи нигораҳо таъсис дода шуда, ҳисси худшиносию ватандӯстӣ, ифтихормандӣ ва завқи эстетикии бинандаро дучанд менамояд. Осорхонаи мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Мақсад аз он тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Аксҳо аз рафти тамошои меҳмонон