Рӯзи 18 октябри соли равон дар доираи баргузории Бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ иштирокчиёни Бозиҳо ба Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ташриф оварданд. Дар ин бора Марям Холиқзода, корманди маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ дод.
Дар даромадгоҳи муассиса меҳмононро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, роҳбарияти Мамнӯъгоҳ ва кормандони шӯъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо шукӯҳу шаҳомати идона, пазироии тоҷикона ва риояи оинну суннатҳои миллӣ пешвоз гирифтанд.
Меҳмонону иштирокчиёни Бозиҳо аз Мамнӯъгоҳ дидан намуда, бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ошноӣ пайдо карданд.
Ҳамзамон иштирокчиён аз Осорхонаи Мамнӯъгоҳ низ дидан намуданд, ки кормандони ин муассиса дар тамошои экспонатҳо, асбобу олоти қадимаи тоҷикӣ ба меҳмонон гузоришҳои муфассал пешниҳод намуданд.
Меҳмонон бо табъи хушу болида, аз Мамнӯъгоҳ ва манзараҳои зебои шаҳри Ҳисор дидан намуда, як ҷаҳон хотироти рангинро дар худ кашф намуданд.