Дар “Рӯзи байналмиллаии духтарон” дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе озмуни “Оилае, ки дар он ҳама хушбахтанд” бо тантана ва шукӯҳ ҷамбаст карда шуд.
Озмуни мазкур бо Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Миллали Мутаҳид барои барҳам додани зуроварӣ нисбати занон ва духтарон бо номи Ташаббуси «Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон» — роҳандозӣ гардида буд.
Дар маросими ҷамбасти озмуни “Оиле, ки дар он ҳама хушбахтанд” раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қурбонзода Ҳилолбӣ , Ҳамоҳансози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сезин Синаноглу, ҷонишини сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон , хонум, Петра Гаспарова ва дигар меҳмонони воломақом ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
Нахуст Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Ҳилолбӣ Қурбонзода ба сухан баромада, меҳмонону ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон қайд кард, ки баргузор шудани озмун дар “Рӯзи байналмиллаии духтарон” айни муддао буда, чунин чорабиниҳо ба пастшавии сатҳи хушунат ва зӯроварӣ дар оилаҳо мусоидат менамоянд. Қурбонзода таъкид намуд, ки таҷлил гардидани “Рӯзи байналмиллаии духтарон” дар Тоҷикистон яке нишонаҳои дастгирии духтарон дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа мебошад ва асоси оилаи солим низ зани бомаълумоту соҳибкасб аст. .
Хонум Сезин Синаноглу, Ҳамоҳансози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз суханони раиси кумитаи кор бо занон ва оила хонум Ҳилолбӣ Қурбонзода гуфт:
“Мутаассифона, хушунат ва зӯроварӣ дар оила мушкилии тамоми ҷаҳонӣ буда, қариб дар тамоми кишварҳои олам бештар занону духтарон зери фишшор қарор мегиранд. Баргузор намудани чунин чорабиниҳо, махсусан тавассути виеороликҳо нишон додани оилаи хушбат намунаи он мегардад, ки сатҳи зӯроварӣ нисбати занону духтарон коҳиш ёбад…”
Петра Гаспарова, ҷонишини сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониаш баргузор шудани чунин чорабиниҳоро дар доираи ҷавондухтарону ҷавонписарон ва оилаҳои ҷавон фоли нек хонда, дастгирӣ ёфтани чунин маъракаҳои муҳим аз тарафи Ҳукумати кишвар, махсусан Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистонро нишонаи дастгирии занон аз ҷониби ҳукумат хонда, рамзи талошҳои мақомоти Тоҷикистон пайи коҳиш додани хушунату зӯроварӣ нисбати бонувон унвон кард.
Баъд аз суханронии намояндагони идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ марҳилаи ҷоизасупорӣ фаро расида, пеш аз эълони ғолибон ва супоридани ҷоизаҳо видеоҳороликҳои ба озмун пешкаш шуда ба иштирокчиёни чорабинӣ намоиш дода шуданд.
Пас аз анҷоми маросими ҷоизасупорӣ мо бо ғолибони озмун суҳбати кутоҳеро анҷом додем, ки фишурдааш пешкаши шумо мегардад.
Сироҷиддин Абдуллоев, дар номинатсияи «Оилаи ҷавон» -ғолиб дониста шуда, бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд. Худи ӯ дар суҳбат бо мо қайд кард, ки ба воситаи видеои пешниҳод кардааш зиндагии намунавиро нишон дода, бо ҳамин васила ба мардон расонидан мехост, ки занҳо ҳам ба истироҳат, дастгирӣ ва меҳрубонии мард ниёз доранд ва мардҳо бояд ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дасти ҳамсаронашонро бигиранд.
Курбонов Меҳроб дар номинатсияи «Насли баробарҳуқуқ» -бо пешниҳоди як видео, ки дар он дастгирии додаршӯй ба келини хонадон инъикос ёфтааст, сазовори ҷои аввал гашт. Ӯ зимни суҳбат бо мо аз туҳфаи ғайриинтизор ва қадрдонии ташкилкунандагони озмун сухан карда гуфт:
-Қабл аз он, ки ман ин видеоро ба озмун пешниҳод намоям, онро ба дӯстони наздикам нишон додам. Ба онҳо хеле хуш омад ва ман ҳам дилгарм шуда, онро ба озмун пешкаш намудам, вале ростӣ умед надоштам, ки ғолиб меоям. Сипосгузорам, аз қадрдонии ҳайати ҳакамон.
Зоир Салимов, падари шаш фарзанд буда, дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ мекунад. Тавре ин ғолиби озмун зимни суҳбат ба мо қайд кард, бо даст додани имконият фарзандонашро ба тамошои манзараҳои зебои диёрамон мебарад, то истироҳату фароғат кунанд.
“Вақте эълони озмуни “Оилае, ки дар он ҳама хушбахтанд”-ро дидам, тасмим гирифтам, ки якрӯза саёҳати худро наворбардорӣ намуда, ба озмун пешниҳод намоям. Ростӣ дар ин кор дӯстонам ба ман кумак карданд ва ман аз онҳо минатдорам. Ба ҳайати ҳакамон барои қадрдониашон, ки видеои маро ҳамчун видеои беҳтарин дар номинатсияи “Аз ҳама идеяи креативӣ” ҷой карданд, изҳори сипос менамоям” гуфт Зоир Салимов.
Ғолиби дигари озмун дар номинатсия «Расму оинҳоро якҷоя меофарем»-Шамшод Бурҳонов мебошад, ки худаш дар видео ҳамроҳи ҳамсараш қаҳрамонҳои асосӣ буданд. Ӯ дар видеое, ки ба озмун пешниҳод кардааст, аз байн бурдани зӯроварӣ ва хушунатро инъикос мекунад.
Номбурда дар рафти суҳбат гуфт, ки ҳадаф танҳо ҳамин буд, ки ба мардон бирасонад, зан танҳо барои кори хона нест ва мард бояд ба ҳарфи дили занаш гӯш дода, пайи амали намудани орзуҳои хонумаш талош намояд ё ҳадди ақал ба зан кӯмак расонад.
Фарангис Давронова дар номинатсияи «Интихоби мардум» ғолиб гардиду соҳиби ҷоиза гардид. Ӯ ва ҳамсараш дар видеое, ки ба озмуни мо ирсол карда буданд, рафти зиндагии худро инъикос намуданд. Фарангис дар сӯҳбат ба мо қайд кард, ки вақте онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ эълони озмунро тамошо мекунанд, ҳамроҳ бо ҳамсараш маслиҳат карда, онро ҳамчунин намудани оилаи хушбахт наворбардорӣ намуда пешниҳоди ҳакамон месозанд. Аз ҷониби аъзои ҳакамон ин навор дастгирӣ ёфта, ҷои намоёнро ишғол намуду сазовори тӯҳфа ва диплом гардиданд.
Пас аз супоридани ҷоизаҳо барномаи консертӣ доир гашта, гурӯҳи “Новая эра” бо рақсҳои ҷаззоби худ маҳфилро шӯри дигар бахшиданд, сарояндаи ҷавон Ҳасанов бошад, хотири ҳозиринро бо таронаҳои дилнавозаш шод гардонд.
Лозим ба ёдоварист, ки озмуни “Оилае, ки дар он ҳама хушбахтанд” тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо панҷ номинатсия «Оилаи ҷавон», «Насли баробарҳуқуқ», «Расму оинҳоро якҷоя меофарем», “Аз ҳама идеяи креативӣ” ва «Интихоби мардум»-эълон гашта буд ва ғолибоне, ки сазовори ҷои аввал гаштанд, бо ноутбук ва диплом қадрдонӣ шуда, иштирокчиёни дигар аз дастандаркорони лоиҳа туҳфаҳои хотирмон гирифтанд.
Озмуни “Оилае, ки дар он ҳама хушбахтанд” аз моҳи август шурӯъ шуда, дар тӯли 3 моҳ 19 видеоролик ба ҳайси иштирокчи ба озмун ворид гардид, ки дар он ҳар қаҳрамони навор хушбахтии оилаи худро нишон додан мехост.