Аз 23 то 28 октябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Руссия баргузор мегардад. Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Москва ва Уфаи Федератсияи Руссия ҷараён гирифта, барномаҳои ҳунарию эҷодӣ, намоишҳои ҷолибу дидании ҳунармандони бомаҳорати тоҷик пешкаши мардуми ин шаҳрҳо мегарданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо аз ҷониби Тоҷикистон ҳунарнамоии сарояндагони бомаҳорату шинохта, ансамблҳои рақсӣ баргузор гардида, теъдоди умумии иштирокчиён иборат аз 55 нафар мебошанд.
Ҳайати ҳунармандони тоҷикро дар ин рӯзҳо Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода ҳамроҳӣ мекунад.
Гузориши муфассал аз ҷараёни баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ дар рӯзҳои баргузории намоишҳо омода мегардад.