(Дар ҳошияи Рӯзи забон)
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябр ҳамчун рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар партави он чандин маҳфилу конфронс ва мизҳои мудаввар баргузор мгарданд, ки ҳадаф аз ин ҳама чорабиниҳо арҷ гузоштан ба забони тоҷикӣ мебошад.
Забони тоҷикӣ бо гузашти ҳазорон сол аз талошҳои пай дар пайи душманонаш асолати худро аз даст надоду имрӯз беолоиш ба мо омада расид. Дар хусуси зебогию ширинӣ ва забони шеър будани забони тоҷикӣ бузургон ҳазорон дафтару девон таълиф кардаанд, ки дубора дар хусуси он навиштан қатрае аз баҳрро мемонад ва наметавон бо ин чанд сатру ҷумла аз аҳаммияту нақши он дар рушди тамаддуни башарият ҷойгоҳи забонро баён кард. Бинобар ин, дар остонаи бузургдошти Рӯзи забони тоҷикӣ мехоҳем чанд нуктаи муҳиммеро, ки аз суханронии Сарвари давлат ҳангоми мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода рабт мегирад, ба миён гузорем.
Дар ин мулоқот Сарвари давлат дар хусуси тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ сухан гуфтанду масъалаи истилоҳсозиро яке аз вазифаҳои муҳими олимону донишмандон ва масъулини соҳа унвон карданд. «Яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи Тоҷикистон – аз хурд то бузург, равшанфикрону донишмандон, инчунин, дастгоҳи давлативу ҳукуматӣ ҳифз кардани забони бостонии зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ, тозаву ноб ва поку беолоиш ба наслҳои оянда расонидани он аст.» — таъкид карданд Президенти кишвар.
Ҳамзамон, сохтани истилоҳу ибораҳо ва сайқал додани забон тавассути калимаҳои нав аз ҷумлаи мушкилиҳои дигаре мебошанд, ки айни замон мо ба он рӯ ба рӯ ҳастем. Дар ин маврид, Президенти кишвар ин нуктаро махсус таъкид карданд.«Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳоло дар масъалаи истилоҳнигорӣ ба забони тоҷикӣ як силсила мушкилот пеш омадааст». Бинобар ин, бо дар назар гирифтани нуктаҳои дарҷшуда дар ин суханронӣ дар фазои иттилооти кишвар чанд ҷойи нигронӣ аст, ки метавон инҷо нигошт.
«Ба андешаи мо, барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ, дар навбати аввал, бояд тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд: Якум. Риояи покизагии забон. Яъне зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем.» — изҳор доштанд Сарвари давлат.
Пеш аз овардани намунаҳо аз ин гуна калимаҳо, бояд як чизро зикр намуд, ки ягона василаи аз ҳама пеш ва аз ҳама бештар дар зеҳни шаҳрвандон ҷой додани ибораву калимаҳо ин расонаҳо мебошанд ва маҳз ҳамин восита метавонад, ки бештар аз ҳама ба гӯши мардум истилоҳу калимаҳои навро расонад ва боиси ҳифзи бечунучарои он дар зеҳни онҳо гардад.
Бо камоли таассуф метавон гуфт, ки тайи чанд соли охир расонаҳои мо аз истилоҳу ибораву калимаҳои дигар мехоҳанд як навъе аз ғанӣ будани фазои луғавии худ ва ё донишманд нишон додани худро ба шунаванда талқин намоянд ва ба ин хотир аз истилоҳҳое истифода мебаранд, ки на ҳар нафар онҳоро фаҳмида метавонад. Барои мисол чанд ҷумла ва ибораву калимаҳоро инҷо ба унвони намуна меорем, ки то собитсози гуфтаҳои мо бошанд.
Масалан, чанд иборае аст, ки аз матбуоти Эрон ба таркиби забони мо ворид гаштаву ба фикри банда ин ҷараён оҳиста — оҳиста фарогир ва ҷойгузини тамоми ибораву истилоҳҳои тоҷикӣ шуда истодаанд, чун эъдом, эъзом, куруно, ҳамагир, беҳдоштӣ, тозатаъйин, тоза ба барномаҳои мо пайваста, оқо, худрав, таҷдид, иттифоқи оро, минҳайси, изтирорӣ, хунсо, хатти қирмиз, ройзанӣ, мунҳал, измиҳлол, номашрӯъ, зарбулаҷал, парт, чаранд, аршад, мазбур, тазйин ва садҳо калимаи дигар. Инҳо танҳо чанд мисолеанд, ки метавон онро ба 100/1 аз маҷмӯъи калимаҳои навворид ба матбуоти тоҷик ҳисобид, ки мутаассифона бештар дар расонаҳои хусусӣ дида мешаваду 90 дар сади он решаи арабӣ доранд. Аммо, ин раванд то ҷое дар расонаҳои ғайрихусусӣ ҳам бе таъсир намондааст.
Барои мисол калимаи “вежа”, ки мо онро “ба хусус” ва ё “махсус” мегуфтем ва ҳоло бошад, тайи чанд соли охир ин калима ҷойи «махсус»-ро гирифт ва он ҳам ба шакли «вежа» истифода мешавад.
Ин чанд мавридест, ки дар ин ҷо ба унвони мисол овардем ва он ҳам бо таъсири матбуоти Эрон ва аз байн рафтани истилоҳҳое, ки мо дар ҳадди ақал давоми як асри гузашта аз он истифода мекардем. Аммо, ин ҷо як нигаронии дигар ҷой дорад, ки агар Кумиати забон ва истилоҳот ва ё худи рӯзноманигорону хабарнигорон бетафовутӣ изҳор кунанд, дигар кӣ кафолат дода метавонад, ки 10 сол пас аз истилоҳҳое, ки мо то кунун аз он истифода мекардем, чанд дар садаш боқӣ мемонад?!
Чун чандин бор ин масъаларо бо Кумитаи забон ва истилоҳот дар миён гузоштему чандон посухи мусбат нагирифтем, мехоҳам, ки ин масъаларо ҳадди ақал рӯзноманигорону ҳамқаламони мо риоя кунанд.
Дар хусуси истилоҳсозӣ бошад, суханони Роҳбари давлат айни муддаост! Дар ин ду — се соли охир чанд иборае вориди расонаҳои мо шудаанд, ки дар ҳақиқат ҷойи нигаронӣ доранд ва онро нодида гирифтан нашояд ва барои сохтани ибораву истилоҳҳои нав ба фикри банда бояд ҳар яки онро чандин бор озмудаву санҷида, пас ба фазои расонаӣ ворид кард. Барои мисол, ибораи «сиғаи дуҷониба», «сиғаи маҷозӣ», «сиғаи Амрико+ Осиёи Миёна» ва ғайра, ки шояд назари аввалин нафароне, ки ин калимаро вориди фазои расонии мо кардаанд, дар ҳамон «шакл» бошад ва ё дар забони рӯсӣ «формат» бошад. Аммо, ин ибора, мутаассифона, аз забони арабӣ вориди фазои расонаии мо гаштааст, чунки дар ВАО-и Эрон чунин ибора мавриди истифода нест, балки истифодаи он ба ин шакл маънои манфӣ ва аз назари мо маънои ғайриахлоқиро ифода мекунад (сиғаи муваққат). Дар ВАО-и Эрон чунин ибораро «қолаб» мегӯянд. Дар забони араби «формат»-ро «сиға» мегӯянд, яъне шакл ва ё сохт ((إجتماع صيغة موسكو ва ё «эҳтимоми муштарак», ки ин ибора ҳам аз забони арабӣ вориди ВАО-и мо шудааст. Барои мисол «масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.» (قضايا أخرى ذات الاهتمام المشترك), яъне сад дар сад нусхабардоришуда аз матбуоти кишварҳои арабӣ мебошад. Ин танҳо як ё ду мисол аст, ки ин ҷо овардем дар сурати зарурат метавон ин ҷо нигошт.
Чанд сол қабл мо ба ҷойи «эҳтимоми муштарак» ибораи «ҳавасмандии дуҷониба»-ро истифода мебурдем, ки қариб ба ҳамагон маълум буд, аммо ҳоло «эҳтимоми муштарак» гаштааст, ки ба ҷуз чанд нафар шояд онро нафаҳмад. Дар ин маврид гуфтаҳои Пешвои миллат ба куллӣ содиқ аст, ки бе зарурат ва он ҳам дар сурати вуҷуд доштани ибораи хубу мавриди фаҳми омма аз як забони дигар (арабӣ) бо дасти худамон забонамонро мушкилфаҳму мураккаб месозем.
Калимаи дигар ин «подшоҳӣ» ва ё «шоҳигарӣ» мебошад, ки чанд соли охир онро дар матбуоти мо иҷборан мехоҳанд ворид созанд, ки ин як амри накӯҳида аст. Дар ҳақиқат, дар Эрон аз ин вожа фаровон истифода мебаранд ва ин амр мансуб ба эшон мебошад, аммо мо маҷбур нестем, ки як ибора калима ва ё номеро, ки тӯли 10-солаҳо аз он истифода мекардем, бе ягон чунучаро ва ё аз назорат дур мондан ҷойгузини калимаи подшоҳӣ намоем.
Бояд зикр намуд, ки тоҷикон дар ҳеҷ давру замон ба андозае, ки пешвоёни онҳо унвони «шоҳаншоҳ» ва ё «шоҳ»-ро доштанд, номи «подшоҳ» аз он бартарӣ надошт. Барои мисол аз Шоҳ Ҷамшед сар карда, то шоҳ Куруш, шоҳ Дориюш, шоҳ Исмоили Сомонӣ ва ғайраву ғайра. Дар муқобили «Пошо» ва ё ҳар шакли талаффузе, ки дошта бошад, ба мисли «Пашша» ё «Пошшо» ин мансуби туркон аст, ҳарчанд, ки вожаи тоҷикист. Монанди Салимпошо , Анварпошо ва ҳоказо. Аҷиб он аст, ки вақте хостори ифодаи валиаҳд ва ё ноиби «подшоҳ» мешаванд авлавият ба «шоҳзода» дода мешавад, на «подшоҳзода». Пас, аз масъулини соҳа хоҳиш дорем, ки худамон ба дасти худамон забонамонро мураккабу мушкилфаҳм насозем ва матбуоти дигар кишварро бар забони худамон авлавият надиҳем. Ии гуфтаи Роҳбари давлатро, ки «аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем.» аз мадди назар дур насозем.
Беш аз 10 коршинос ва ё андешманди эрониеро мешиносам, ки мегӯянд, «тоҷикон инчунин сухан мегӯянд, ки ингор мегӯӣ доранд суруд мехонанд ва баъзан ҳолат мегӯям, ки агар мехоҳӣ бо забони форсии ноб ошноӣ пайдо кунӣ, як сафаре ба Душанбе дошта бош». Онҳо шефтаи забони мову мо бар акси онанд. Дар як номае, ки Садриддин Айнӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» овардааст, навиштааст, ки «як мақолаи аз Эрон воридшударо дида баромадам ва аз 100 калимае, ки дар он дарҷ шудааст, 70-тои он арабӣ аст ва он 30 калимае, ки форсӣ мебошад, он ҳам адот мебошанд».
Мушкилии дигар ин сохтани истилоҳҳои нав дар соҳаҳои гуногун мебошад, ки дар ғайри он мо метавонем ба мисли мисолҳои дар боло дарҷгардида такя ба кишварҳои дигар ва ё забону гуфторҳои дигар давлатҳо эҳтиёҷ пайдо кунем. Барои мисол «дипломатияи пешгирикунанда», «кишварҳои маҳсур ба хушкӣ» ва дигару дигар, ки ҳамаи ин номҳо аз Эрон гирифта шудаанд. Бинобар ин, барои инҳо мо бояд истилоҳҳое созем, ки маънии онро ҳар як тоҷик бе мушкилӣ фаҳмида тавонад.
Шояд ба ҷойи ибораи «кишварҳои маҳсур ба хушкӣ», ки аз Эрон гирифта шудааст, мо «кишварҳои бесоҳил»-ро истифода кунем, ки ҳаммаънои кишварҳои «маҳсур ба хушкӣ» мебошад. Мутаассифона, қабл аз ҳама ин вазифаи ҷонии Кумитаи забон ва истилоҳот аст, ки бояд дар доираи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030, ки 29-уми ноябри соли 2020» қабул гардидааст, дар муддати ин ду сол ҳадди ақал истилоҳҳои сатҳи лозимиро сохтаву мавриди истифодаи умум қарор медод, аммо чунин нашуд. Баъд аз чанд муроҷиати мо, ки «номвожаҳои кишварҳои дунёро чӣ гуна шакли дурусташро истифода барем»? Ин Кумита як феҳристи давлатҳоро омодаву пешниҳоди рӯзноманигорон намуд, ки мутаасссифона боз ҳамон «подшоҳӣ»-ву боз «шоҳзоданишин». Дар ниҳоят маълум нашуд, ки роҳи дурусташ кадом аст? «Подшоҳӣ» ё «Шоҳигарӣ», «Россия» ё «Русия», «Маскав» ё «Москва» ва ғайраву ҳоказо. Ҳоло дар хусуси дигар паҳлӯҳои соҳаи забон мешавад, ки ягон дафъи дигар сухан гуфт.
Ҳадаф аз овардани ин мисолҳо ба он хотир аст, ки ба ҳар чи ки тӯли солҳо дар зеҳнамон дар ин мавзӯъ банд буданд, хостем онро бо иқтибосҳои Роҳбари давлат мукаммал намуда, ба гӯши масъулин расонем, зеро агар ин мавзӯъ аз мадди назари масъулини соҳа дур монад, фардо ва ё шояд чанд сол пас дар баробари забони форсии Эрон ва матбуоти кишварҳои арабӣ аз забонҳои туркиву чинӣ ба забони мо калимаву ибораҳои дигар ворид шаванд.
Тоҷиддин РИЗВОН,
рӯзноманигор