Бо мақсади татбиқи амалии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар он кормандони мақомотӣ судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, олимони соҳа, намояндагони ташкилотҳо ва коршиносони байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои мухбири радиои “Овози тоҷик” Зулфия Олимбекова конфронс ба мавзуи “Муқовимат бо шиканҷа, амалҳо ва дастовардҳо” бахшида шуда, дар он коршиносон оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла пешгирии шиканҷа, ҳамагуна муносибат ва ҷазои бераҳмона суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки муқовимат бо шиканҷа қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон буда, риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд яке аз самтҳои афзалиятноки ниҳодҳои давлатӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон маърузачиён иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ пазируфта, дахлнопазирии онҳоро кафолат додааст.
“Раво надидани шиканҷа нисбати шахс ба сатҳи меъёри конститутсионӣ бароварда шуда, ҷиҳати пешгирии он бори аввал соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Меъёри алоҳида бо номи “шиканҷа” муқаррар ва соли 2020 ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани он пурҳур карда шуд”,- зикр гардид дар конфронс.
Намояндаи вежаи СММ оид ба масъалаи шиканҷа дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба муқовимат бо шиканҷа мусбат арзёбӣ намуд.
Тасмим гирифта шуд, ки мулоҳиза ва таклифҳои пешниҳодшуда ҷамъбаст ва дар амал татбиқ намудани онҳо дастури зарурӣ омода карда шавад.