Мувофиқи маълумоти префектураи маҳаллӣ, шаби гузашта, 23-юми октябр, департаментҳои Сомма ва Пас-де-Кале дар шимоли Франсияро тундбод фаро гирифт.
Дар департаменти Сомме якчанд иншооти инфраструктура ва хонаҳои истиқоматӣ осеб диданд, қувваи электр катъ гардид. Префектураи департамент хабар дод, ки як нафар ҷароҳат гирифтааст.
Ба гузориши шабакаи телевизионии «BFMTV», дар ин бахш, ба хусус ҷамоати Биюкур осеб дидааст, ки 150 нафар аз сокинон аз онҷо кӯчонида шудаанд. Тундбод боми калисо ва чанд биноро канда, дарахтонро афтондааст.