“Пайванди ихтироот бо истеҳсолот”- таҳти ин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши илмӣ доир шуд. Дар он олимон, коршиносон, ихтироъкорону соҳибкорони вилоят ширкат намуданд.
Тавре раддиои “Овози тоҷик” дар такя ба Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад,зимни конфронс асосан ба масъалаи ихтироъкорӣ ва тартиби бақайдгирии он таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Зикр гардид, ки олимону ихтироъкорони ҷавон дар баъзе маврид байни обеъктҳои ихтироъ ва объектҳое, ки ихтироъ маҳсуб намеёбанд, фарқ гузошта наметавонанд.
Маълумот дода шуд, ки тартиби ба даст овардани патент ва нахустпатент 3 амалро дар бар мегирад, аз ҷумла пешниҳоди ариза, экспертизаи расмӣ ва экспертизаи моҳиятӣ хеле муҳим дониста мешавад.
Пешниҳод гардид, ки олимону ихтироъкорони вилоят корҳои воқеии татбиқшавандаро интихоб карда, дар пешбурди истеҳсолот ҳиссагузор бошанд.
Дар доираи чорабинӣ ихтирооти як зумра олимон, ба монанди устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аҳмадҷон Домуллоҷонов бо ихтирои «Дастгоҳи хушккунаки офтобӣ», Раҳим Назаров ва Фирӯза Мирзоқобилова бо ихтирои «Коллектори офтобӣ – панел барои гарм намудани биноҳо ва иншоот» ва устоди Донишкадаи кӯҳӣ‐металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҳаёт Раҳимов бо ихтирои «Тарзи коркарди консентрати сулфидии сурмадори фаъолгардидаи механикӣ» муаррифӣ гардид.
Дар қисми ҷамъбасти машварат муҳокимаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда сурат гирифт. Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба мутахассисон тавсия дода, гуфт, ки паҳлӯҳои илмию иқтисодии лоиҳаҳоро ба таври густурда бозомӯзӣ кунанд.