Бо ташаббуси Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва ТБМ 24 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши минтақавии иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он масоили иттиҳодияҳои Осиеи Марказӣ ҷонибдори ҳуқуқи бехатарӣ ва солимии шароити меҳнат бо роҳи пешбурди сиёсати самарабахши пешгирӣ, ҳисобот ва санҷиш тибқи меъёрҳои байналмилалии меҳнатӣ” мавриди баррасӣ қарор гирфитанд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар кори конфронс роҳбарон ва фаъолони иттифоқҳои касабаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ТБМ/ACTRAV иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ Александрия Ш. – мутахассис оид ба фаъолияти меҳнаткашон, дафтари минтақавии ТБМ барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Нематзода М. М.-раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Рафиқов К. М. – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, Даулеталин С. Т. – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон ва Муродзода Д. Ҳ.–сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ баромад намуданд.
Роҳбарони марказҳои иттифоқҳои касаба оид ба ворид намудани меъёрҳои байналмилалии дахлдори меҳнатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат суханронӣ намуданд.
Иштирокчиён ҳадафи баргузории чорабиниро таъмини мувофиқати пурраи сохтори миллии ҳифзи меҳнат пурраи конвенцияҳои амалкунанда ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳати риояи намояндагӣ ва мандати давлатии бозрасии меҳнат арзёбӣ намуданд.