
25 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи Раиси Маҷмаи Умумии СММ оид ба омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат ҷаласаи мазкурро дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби соли 2023-и Созмони Милали Муттаҳид иқдоми саривақтӣ хонда, ба Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Чаба Короши барои ташкили ин чорабинии муҳим ва ба ҳамаи ҳозирин барои иштирок дар он ибрози сипос намуданд.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳони имрӯза зери таъсири таҳдиду хатарҳо ва таҳавуллоти амиқ қарор дорад. Бинобар тағйирёбии иқлим имсол мо шоҳиди зуҳуроти бесобиқаи офатҳои табиӣ гардидем. Аврупоро гармии шадид фаро гирифт, ки ин боиси сӯхтори бешазорҳо, хушкшавии дарёҳо ва норасоии об гардид. Ҳамзамон бо ин, қисмати ҷануби сайёра зери таъсири селу обхезиҳои харобиовар қарор гирифт. Мутаассифона, ин равандҳо чандин сол аст, ки идома доранд ва таъсири онҳо сол то сол фарогиру шадид мегардад.
“Қобили зикр аст, ки меҳвари ин равандҳоро об ҳамчун асоси ҳаёти инсоният ва василаи муҳимми таъмин намудани рушди устувор ташкил медиҳад. Бархӯрд бо чунин шароит дарку фаҳмиш, муносибат ва иқдомоти наву муассирро тақозо менамояд. Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028, ки бо ибтикори Тоҷикистон эълон шудааст, барои муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода заминаи хуберо фароҳам овардааст”,-зикр карданд Сарвари давлат.
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки татбиқи миёнамуҳлати Даҳсолаи мазкурро арзёбӣ хоҳад кард, аз лиҳози замонӣ, аллакай, таърихӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҳамчун ҳамраисони Конфронс якҷо бо Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва механизми “Созмони Милали Муттаҳид-Об” пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин ҳамоиш барои ҷаҳониён “лаҳзаи таҳаввулоти куллӣ дар соҳаи об” гардад.
“Дар ин робита, мехоҳам нақши калидии Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи обро дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид махсус таъкид намоям. Ҳамоиши Душанбе натиҷаи платформаҳои чорабиниҳои гуногуни минтақавию ҷаҳониро ба ҳам оварда, паёмҳои асосиро барои Конфронси Ню-Йорк таҳия намуд ва барои пешбурди яке аз натиҷаҳои асосии он – “Рӯзномаи амал дар соҳаи об” заминаи воқеиро фароҳам овард”,-таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ба баёни Эмомалӣ Раҳмон, мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивӣ, ки фарогири мушкилоти умдаи соҳаи об мебошанд, аз ҷониби Тоҷикистон ва Нидерланд дар асоси машваратҳо бо кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои манфиатдор таҳия гардидаанд. Дар баробари ин, “Рӯзномаи амал дар соҳаи об” ба уҳдадориву амалҳои наву инноватсионӣ ниёз дорад. Ба ин манзур, бояд иқдомоте рӯйи даст гирифта шаванд, ки ба амалҳо ва тартиби корбарии мо тағйироти ҷиддӣ ворид менамоянд.
Дар анҷоми суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ба ҳамаи ҷонибҳо барои иштироки фаъол дар раванди омодагирӣ ба Конфронси соли 2023 миннатдорӣ иброз намуданд.