Дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Самарқанд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Самарқанд хабар дод.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.
Маҳмадтоир Зокирзода зикр кард, ки дар муддати кӯтоҳ бояд муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав бардорем ва ин равобит ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд меёбад.
«Мо итминон дорем, ки дар шароити рушди ҳамкории бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Узбекистон муносибатҳои парлумонҳои мо низ бо мазмун ва мундариҷаи нав густариш меёбанд»,-иброз дошт ӯ.
Муносибатҳои байнипарлумонӣ барои рушди муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими шарикии стратегӣ аҳамияти бузург доранд.
Ҷонибҳо ҳамчунин зимни суҳбат доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, робитаҳои густурдаи байнипарлумониро миёни ду кишвар баррасӣ намуданд.