
Намояндагони Бонки осиёгии Рушд оид ба таҳқиқот барои асосноккунии пешакии техникӣ-иқтисодии маркази савдо ва логистӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар доираи ташаббуси долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд сурат мегирад, ба вилояти Суғд омаданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд.
Меҳмонон бо муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқот карданд. Дар мулоқот таъкид гашт, ки роҷеъ ба ташаббуси долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд ҷиҳати ташкили маркази савдо ва логистӣ дар шаҳри Хуҷанд 3 мавзеъ: Минтақаи озоди иқтисодии Суғд, КВД “Садаф” ва ҶШП “АББАТ”-ро пешниҳод шудааст, ки имконоти фарохи инфрасохторӣ ва истеҳсолиро дорост.
Ки Кхонг, роҳбари ҳайати Бонки осиёгии Рушд ҳадафи ташрифашонро шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар навбати аввал гуруҳи корӣ асосноккунии техникиро меомўзад ва пешниҳодоти хешро дар қадами минбаъда манзур менамояд. Дар нақшаи кории ҳайат боздид аз 3 минтақаи пешниҳодшуда ва омўзиши имкониятҳои мавҷуда мебошад.
Дар доираи ташкили маркази савдо ва логистӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар чаҳорчўбаи ташаббуси долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд сурат мегирад, сармоягузории мустақим, рушди сайёҳӣ дар минтақа ва дигар иқдомот низ ба роҳ монда мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот масоили дигари марбут ба барномаи сафари меҳмонон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.