Китоби таърихнигори тоҷик, профессор Намоз Ҳотам таҳти унвони «Таърихи тоҷикони Варорӯд аз даҳаи 1860 то соли 1924» дар интишороти «Шероза» нашр гардид. Дар ин бора муаррихи дигар Сайфулло Муллоҷонов иттилоъ дод.
Ба зикри мавсуф, ин китобро муҳаққиқи эронӣ Ораши Эронпур ба нашр омода кардааст. Китоби устод Намоз Ҳотам дар миёни осоре ки бо забони тоҷикӣ навишта шуда, ба таърихи ду қарни охири тоҷикони Вароруд бахшида шудаанд, беҳтарин асар ба шумор меояд.
Дар панҷ боби дигар фоҷеаи инқилоби Русия ва тасаллути болшевизм дар Варорӯд, иқдомоти нахустини ҳукумати Шӯравӣ дар Осиёи Миёна, сарнагунии иморати Бухоро ва саранҷом тақсимоти марзӣ ё «табартақсими» маъруфро, ки яке аз натиҷаҳон он таъсиси ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон буд, ба риштаи таҳрир кашидааст.
Ораши Эронпур дар сарсухани худ навишта, ки «баррасии ҳамзамон ва муфассали ин масъалаҳо, ба вижа дар шароити имрӯза барои дарки нозукиҳои истиқлоли миллӣ ва гузор ба иқтисоди бозор аҳамияти хосс дорад». Китоб бо гоҳшумории руйдодҳо, вожагони душвор, китобнома ва намояи судманд ороста шудааст.
Дар маҷмуъ нашри ин китоб дар кишвари порсизабон гувоҳи густариши равобити ду кишвар ва эътирофи таҳқиқоти ин донишманди тоҷик аст. Устоди арҷманд Намоз Ҳотамро, ки дар панҷоҳ соли охир хадамоти саршоре ба илму фарҳанги тоҷик карда, ба ин муносибат табрик мегӯям. Қарор аст, дар ояндаи наздик ҷилди дувуми ин китоб, ки ҳаводиси сад соли охир (1924-2024)-ро фаро мегирад, дар ҳамин интишорот ба табъ расад.