Имрӯз Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге ва дигар намояндгаони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳристон сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияи мазкур шинос хоҳад шуд, иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
29 октябр дар шаҳри Душанбе Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге мулоқот намуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки маҳз дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумат қарор дошта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ шуда истодаанд.
Худи ҳамон рӯз Ҳанс Ҳенрӣ Клюге ҳамроҳ бо Ҷамолиддин Абдуллозода ба ноҳияи Файзобод сафар намуда, бо фаъолияти Маркази саломатии «Дубеда» шинос шуд.
Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге зимни вохурӣ ба табибони маркази саломатии мазкур барои хизмати софдилона баҳри таъмини солимии аҳолӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд дод.
Инчунин дар идомаи сафари корӣ меҳмонон аз Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» дидан намуданд.