Дар доираи сафари Н. Аҳмадова ба шаҳри Остона ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи Китобхонаи Нахустпрезиденти Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбасӣ, 31 октябри соли 2022 Сафири кишвар Хайрулло Ибодзода ва ҳайати кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадова Нуқра бо мулоқоти баргузор шуд.
Зимни мулоқот Н. Аҳмадова роҷеъ ба эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, сиёсати фарҳангӣ, махсусан оид ба фаъолияти китобдорӣ ва унсурҳои китобхонӣ суханронӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки шиносоии тоҷикони муқими Ҷумҳурии Қазоқистон ва мардуми қазоқистонӣ бо адибону муҳққиқони тоҷикистонӣ масъалаи бисёр муҳим дар самти тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.