Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Роҳи абрешим» бахшида ба Ҳафтаи байналмилалии сайёҳии зиёратӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Ҳафтаи байналмилалии сайёҳии зиёратӣ барои шинос намудани Ӯзбекистон ҳамчун яке аз марказҳои муҳимми тамаддуни Осиёи Марказӣ, барои бештар эътибор пайдо кардан дар байни ширкатҳои байналмилалии ҷаҳон, инчунин, диверсификатсия кардани хизматҳои туризми зиёрат ва барои зиёд намудани экспорти туризм ташкил карда шудааст.
Дар анҷумани матбуотӣ мушовири вазири туризм ва мероси маданӣ Темур Мирзаев, ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов, мутахассисони пешрави вазорати Туризм ва мероси маданӣ ба саволҳои журналистон ҷавоб доданд. Дар миёни рӯзноманигорон намояндагони ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буданд.